чавгонбоз — [چوگان باز] бозингари чавгон, касе, ки чавгонбозӣ мекунад; фалаки чавгонбоз; сипеҳри чавгонбоз маҷ. дунёи рангоранги чорагар, чархи каҷрафтору ҳилагар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чавгон — I [چوگان] 1. чӯбдастаи саркаҷ, ки бо он дар чавгонбозӣ гӯйро мезананд 2. бозии чавгон, бозии гӯй ва чавгон, чавгонбозӣ 3. маҷ. хамида, дуто, кӯж, мунҳанӣ 4. чӯбе, ки бо он нақора, дуҳул мезананд, чӯбдасти дуҳулнавозӣ ва нақоразанӣ: чавгони табл 5 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯйбозӣ — [گوي بازي] ниг. чавгонбозӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хоккей — [خاکيي] англ. варз. навъе аз чавгонбозӣ, ки дар рӯи ях бо пойафзоли теғшакли яхдав (конки) бозӣ мекунанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чавгонзан — [چوگان زن] воридкунандаи зарба бо чавгон; он ки бо чавгон зарба мезанад, чавгонбоз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чавгонӣ — [چوگاني] 1. мансуб ба чавгон; муносиб ва мувофиқ ба чавгон; аспи чавгонӣ аспе, ки барои чавгонбозӣ муносиб аст 2. хамида, дуто, мунҳанӣ, хамгашта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ